Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷонз Ҳокинзи ИМА шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 103 миллиону 528 ҳазору 864 нафар расид. Ҳамоно ИМА (бо 26 183 915 гирифтор), Ҳинд (бо 10 746 183 сироятшуда ), Бразилия (бо 9 204 731 мубтало), Британияи Кабир (бо 3 828 183) ва Русия (бо 3 808 348 гирифтор) панҷ кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар сироятшуда доранд.
Аз замони ҳамагирӣ то ба имрӯз дар олам аз коронавирус 2 миллиону 237 ҳазору 799 нафар ҷон бохтанд. Дар ИМА 452 279, дар Бразилия 224 534, дар Мексика 158 536, дар Ҳиндустон 154 428, Британияи Кабир 106 158 нафар ҷони худро аз даст доданд. Русия дар маргумир аз коронавирус дар ин ҷадвал бо 73 182 фавтида дар ҷойи ҳаштум аст.
Дар Чин, ки бори аввал ин вируси кушанда пайдо ва дар саросари олам паҳн шуда буд, то кунун шумори мубталоён 100 041 ва фавтидагон 4 817 нафар эълон шудааст.
Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 21 январ бо як овоз тасмим гирифтанд, ки натиҷаҳои санҷишҳои COVID-19 ва озмоишҳои фаврии антителаро эътироф кунанд. Онҳо сатҳи нави хатар барои коронавирус - минтақаҳои "сурхи тира" -ро ҷорӣ карданд. Маҳдудиятҳо пурзӯр карда шуданд, то сарҳадҳои байни кишварҳо пурра баста нашаванд.
Мақомоти Русия изҳор медоранд, ки вазъи коронавирус дар ин кишвар рӯ ба беҳбудӣ меорад. Владимир Путин, президенти ФР рӯзи 25 январ гуфта буд, ки ҳоло мешавад тадриҷан баъзе маҳдудиятҳои зиддикоронаиро лағв кард. Сарвари Роспотребнадзор Анна Попова ба ин назар аст, ки алалкай худи ҳамин сол метавон дар Русия ҳатмӣ будани доштани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро бекор кард.
Собиқадори садсолаи Ҷанги дуюми ҷаҳон Томас Мур, ки барои мубориза бо коронавирус бешт аз 32 миллион евро ҷамъ оварда буд, ҳоло худ гирифтори КОВИД-19 дар бемористон аст. Духтараш Ханна дар ин бора ахиран дар Твиттери худ навишт. Томас Мур дар ибтидо мехост як ҳазор фунт барои ёрӣ ба пизишкон ҷамъ оварад. Аммо ин ташаббуси собиқадори ҷангро одамон ва бахусус шахсиятҳо ва чеҳраҳои шинохта ба гармӣ пазируфтанд ва тадриҷан ин ёриҳо ба ҳадди 32 миллион евро расид. Маликаи Британия Елизаветтаи дуввум тобистони соли 2020 Мурро ба ритсарӣ мансуб донист. Маросими эъто ба сабаби авҷи коронавирус кох баргузор шуд.
Мақомоти Фаронса хатари мавҷи нави коронавирусро воқеӣ мешуморанд, аммо чораҳои маҳдудкунандаи дар ин кишвар қабулшуда бояд ба пешгирӣ аз ин мусоидат кунанд. 31 январ дар кишвар маҳдудиятҳои нави зиддикоронаӣ ҷорӣ шуданд.
Ҳукумати Исроил тасмим гирифт низоми карантинро ба сабаби авҷи коронавирус дар ин кишвар тамдид созад, хабар дод дабири матбуотии кобинаи вазирони ин кишвар. Гуфта мешавад, ки аъзои ҳукумати Исроил барои то 5 феврал тамдид намудани каратин овоз доданд.
Афғонистон ва Хазинаи русиёии сармоягузориҳои мустақим дар бораи шарту шароитҳои ба ин кишвар расонидани воксани русии “Спутник V” гуфтушунид мекунанд.
Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ба қароре о мад, ки ду ҳафтаи дигар маҳдудиятҳои зидди КОВИД-19-ро дароз кунад.
Ҷопон ҳам ҳабар дод, ки чораҳои зиддикоронавиро ба сабаби шиддати авҷи сироят тамдид мекунад.
Мексика аз Ҳиндустон то 870 доза воксани зидди коронавирус, ки ширкати дорусозии AstraZeneca омода кардааст, мехарад. Мексика ҳамчунин аз Русия низ ба ҳамин миқдор воксани “Спутник V» хариданист.
Қарор аст дар доираи барномаи омодагӣ ба маҳаллисозии воксани зидди COVID-19 «Спутник V» мутахассисони Русия вориди Алҷазоир шаванд.
Гурҷистон парвоз ва қабули ҳавопаймоҳои хатсайри байналмилалиро ба ҳамаи самтҳо иҷозат медиҳад. Дар ин маврид ин кишвар як протоколи вижа таҳия кардааст.
Қазоқистон аз сирояти боз 1 342 нафар ба КОВИД-19 хабар дод.
Аз оғози ҳамагирӣ дар Қирғизистон 84 529 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, 1 412 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
Дар Ӯзбекистон шабонарӯзи гузашта 39 сироятшудаи нав сабт шуд ва шумори умумии гирифторон ба КОВИД-19 дар кишвар ба 78 711 нафар расид.