ЭҲТИЁТ: Аз беназоратӣ гайка дар ангушти тифли чорсола руст шуд. Кӯдаконро беназорат нагузоред!

Як занги телефонӣ ба Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд: дар ангушти тифли чорсола гайка рус шудаасту табибон ҳам илоҷи беосеб берун кардани онро намеёбанд. Ин занги телефонӣ субҳи имрӯз, соати 11:00 аз беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов расид.

Бо дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд фавран ба беморхона сафарбар шуданд. Амалиёти имдод дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб ва осебшиносӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарӣ гузаронида шуд.

Гайка аз ангушти ӯ берун оварда шуд. Вазъи саломатии кӯдак дар ҳолати хуб қарор дорад.

Маълум шуд, ки тифл ҳамагӣ чор сол доштаву аз беназоратии волидайн даст ба гайкаву дигар таҷҳизот задаст ва билохира гайка дар ангушташ руст мондааст.

Кормандони Раёсат бо падари тифл ҳамсуҳбат шуданд ва гуфтанд, ки фарзандашонро набояд беназорат гузоранд, чун метавонад муҷиби нохушиҳои дигар шавад. 

 

Шаҳзодабону Бутаева