Субҳи имрӯз шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 98 миллиону 102 ҳазору 397 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 229 710 нафар ба ин вирус олуда шуданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз марги 2 миллиону 100 ҳазору 667 нафар ва шифо ёфтани 70 миллиону 503 ҳазору 807 нафар хабар дод. Ҳоло дар бемористонҳои олам 111 ҳазору 830 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.
Кишварҳое, ки бештар мубталоён ба коронавирус доранд:
ИМА— 25 196 086
Ҳинд — 10 626 200
Бразилия — 8 699 814
Русия — 3 655 839
Британияи Кабир — 3 543 646
Фаронса — 2 987 965.
Дар Ҳинд, Чин, Бразилия ва Кореяи Ҷанубӣ беш аз 10 майдони тавлиди воксан аз коронавируси "Спутник V" барои интиқоли он ба хориҷ амал мекунанд.
Роҳбарони 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо истифодаи озмоишҳои антигении фаврӣ ва инчунин эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои озмоишҳо ба коронавирусро тасдиқ карданд.
Дар робита бо ҳамагирӣ, мақомоти Амрико талаботи карантинро барои ҳама шахсоне, ки тавассути ҳавопаймо аз хориҷа ба ИМА меоянд, ҷорӣ мекунанд. Тими Ҷо Байден дар арафаи савгандёдкунии президенти ИМА стратегияи миллии мубориза бо коронавирусро муаррифӣ кард. Қарор аст Байден имрӯз 10 фармонеро имзо кунад, ки ҷанбаҳои гуногуни мубориза бо пандемияро фаро мегиранд.
Шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир аз коронавирус 1,3 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин дар ин муддат 37,9 ҳазор сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Ҳафтаи гузашта қариб ду миллион сокинони Британияи Кабир воксани коронавирус истифода карданд. Рӯзи панҳшанбе ин кишвар аз эмшавии 4,61 миллион нафар хабар дод.
Вазорати тандурустии Фаронса низоми ҳолати фавқулодаро то тирамоҳ тамдид мекунад. Вазири тандурустии ин кишвар Оливйе Веран гуфтааст, ки ҳукумат ҳатто то тобистон ҳам гурӯҳҳои хатарро наметавонад воксан занад.
Раиси Шӯрои директорони Агентии итолёвии доруҳо Ҷорҷо Палу воксани русии "Спутник V" –ро доруи оқил хонд.
Ҳукумати Албания дипломати русро ба сабаби иҷро накардани чораҳои эпидемиологии дар робита бо пандемияи нави коронавирус андешидашуда унсури номатлуб (шахсияти нон грата) эълон кард.
Пажӯҳишгоҳи фармакология ва амнияти ғизоии Маҷористон барои воксанҳои коронавирус, ки дар Русия ва Бритониё таҳия шудаанд, иҷозатномаҳои муваққатӣ додааст.
Дар Сербистон гуфтушунидҳо дар мавриди истеҳсоли воксани "Спутник V" оғоз шуданд.
Озмоиши воксанҳои "Спутник V" ва AstraZeneca дар Озарбойҷон ва Арабистони Саудӣ оғоз мешаванд.
Аввалин ҳодисаи сироят ба гунаи британиёии вируси корона дар Эстония кашф шуд.
Мухолифони давлати Украина ҳукумати кишварро барои сатҳи баланди маргумир аз коронавирус муттаҳам карданд. Ҳизби мухолифи давлати “Платформаи мухолифат барои ҳаёт” гуфтааст, ки одамон ҳар рӯз аз ин уфунӣ мемиранд, вале метавонистанд инро пешгирӣ кунанд, агар сари вақт ба истифодаи воксани русии "Спутника V" иҷозат медоданд.
Мақомоти Пекин эълон карданд, ки ҳамаи онҳоеро, ки аз 10 декабр аз хориҷи кишвар ба пойтахти Чин омадаанд, тафтиш мекунанд ва ҳаракат дар метроро маҳдуд хоҳанд кард. Ин тасмим замоне гирифта шуд, ки дар шаҳри Пекин дар як шабонарӯз 7 сироятшудаи нав ба коронавирус сабт шуд.
Мақомоти Австралия тасдиқ карданд, ки ду иштирокчии чемпионати кушоди тенниси Австралия, ки дар Мелбурн баргузор мешавад, гирифтори коронавирус шудаанд.
Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар 85 минтақаи Русия 21 887 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шуд. 10,8 дарсади гирифторон ягон аломати ин беморӣ надоштанд. Раванди эпидемиологӣ коҳиш меёбад ва акнун бояд ҳарчи зудтар эм карда шаванд, то рушди минбаъдаи он пешгирӣ карда шавад, гуфт роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова.
Рӯзи гузашта дар Қазоқистон 1180 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 172 412 нафар ба вируси корона мубтало шуданд.
Сокинони Қирғизистон аз коронавирус на пештар аз моҳи июни соли 2021 эм карда мешавад. То 22 январи соли равон дар Қирғизстон 83 585 ҳодисаи мубталоӣ ба КОВИД-19 ба қайд гирифт ашудааст. Мизонуи маргумир аз ин вирус 1.67%.
Узбакистон аз кишварҳои Осиё даъват кард, ки рушди сайёҳиро барои барқарорсозии иқтисод дар давраи пандемияи коронавируси COVID-19 ҳавасманд кунанд. То 22 январи соли 2021 дар Узбакистон 78 219 ҳолати сирояти коронавируси Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст. Мизони маргумир: 0.79%.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси COVAX (Global Vaccine Alliance) барои 2 миллион доза ваксинаи коронавирус муроҷиат кардааст. Ба воксане, ки тибқи COVAX ба кишвар дода мешавад, аввал корманди соҳаи тиб ва маориф, шахсони аз 50-сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин эм карда хоҳанд шуд.
Охири соли гузашта, Тоҷикистон ба ташаббуси байналмилалии COVAX ҳамроҳ шуд, ки онро Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар якҷоягӣ бо Эътилофи ҷаҳонии воксанҳо ва Иммунизатсия (GAVI) ва Эътилоф барои инноватсия дар самти таъмини омодагиҳо ба ҳамагириҳо, ки бунёди неруҳои истеҳсолиро дастгирӣ мекунад ва корҳои харидуфуршро наҷом медиҳад, роҳандозӣ мекунанд. Агар Тоҷикистон миқдори дархостшударо дарёфт кунад, 20 дарсади аҳолӣ метавонанд эм карда шаванд.