Ширкати 140 нафар кормнадони Дастгоҳи марказии КҲФ дар сайругашти дастаҷамъӣ

Субҳи 23 январи соли 2021 бо мақсади татбиқи иҷрои дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд ва таблиғи варзиш, тарзи ҳаёти солим кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бо­ғи ба номи Алишери Навоии пойтахт сайругашти дастаҷамъӣ бо хатсайри махсус – терренкуру, ки ба ибораи дигар онро «роҳи саломатӣ» меноманд, анҷом доданд. 

Терренкур лафзи фаронсавии terrain — ҷой, макон ва cours — роҳи саломатӣ буда, як шеваи «озоди» сайругашт, роҳпаймоии дастаҷамъӣ ё ба танҳоӣ мебошад, ки тобовариро рушд медиҳад кори системаи дилу рагҳо ва роҳҳои нафаскаширо беҳтар мекунад, табодули модаҳоро дар бадан ба низом медарорад. 

Дар ин сайругашти субҳгоҳӣ 140 нафар кормандони дастгоҳи марказии Кумита ширкат карданд ва қарор аст ин тадбир дар оянда низ мунтазам амалӣ гардад.

барчасп: