Се амали наҷот дар як шабонарӯз. Имдодгарон дар хонаи дарбаста ҷасади як марди 45-соларо пайдо карданд
Чоп шуд: 03/09/2021 | redaktor
Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар се ҳолати фавқулодаро бартараф карданд.
Чунончӣ, 2-уми сентябри соли 2021 соати 09:01 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар 345 километрии роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб-Дарвоз-Хорӯғ, дар наздикии деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз резиши санг ба қайд гирифта шуд.