Ҷасади духтари 17-солаи ғарқшуда дар Вахш як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон тахминан соати 16:00 рӯзи 5-уми август баъди ҷустуҷӯҳои қариб якҳафтаина билохира ҷасади навраси ғарқшуда дар дарёи Вахш пайдо шуд.

Ин духтари 17-сола сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор буд, ки рӯзи 30-уми июл дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ

Сел дар Амондараи Панҷекат як нафарро ҳалок кард. Ҳушдори Кумита аз эҳтимоли омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар

Тибқи маълумоти афсари шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тахминан соати 17:30 дақиқаии рӯзи 5-уми август бар асари борони пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Амондара сел омад.

Ин сел ба се ҳавлии сокинони деҳаи Амондара лойоба ворид кард.

Гирифторон ба Covid-19 дар олам ба 201 миллион наздик шудааст. Чин вуруду хуруҷро дубора манъ кард

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам ба 200 миллиону 815 ҳазору 159 нафар расид. Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия, Фаронса дар панҷгонаи кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифтрон ба  Covid-19 доранд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақрибан 93,4 дарсади сироятшудагон ба гунаи “Делта” сироят шудаанд.

COVID-19 дар олам ва Тоҷикистон

Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 424 716 сироятшудаи нав ба коронавирум ба қайд гирифта шуд ва 7766 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми гузашта аз сирояти боз 74 нафар ва шифо ёфтани 83 нафар хабар дод. Ин вазорат навишт: дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 3 август  дар кишвар 15293 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19

Дар минтақаи Ҳисор таҷҳизоти нави радарии Хадамоти зидди жолаи Кумита ба истифода дода шуд (ВИДЕО)

3 –уми августи соли 2021 бо ширкати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи ҷашнвораи 30-солагии Истиқлоли кишвар ва бо мақсади татбиқи лоиҳаи муштараки КҲФ ва БОР дар ҷамоати деҳоти Шӯроби Искандари шаҳри Ҳисор таҷҳизоти муосири радиолакатсионии тамғаи ​​DMRL - C - 5 ва маросими ифтитоҳи бинои тозатаъмири шуъбаи Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Страницы