Дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори кормандони КҲФ як қатор вазорату идораҳои кишвар дар самти омодасозии мураббиён оид ба гендер давраи омӯзишӣ оғоз ёфт. Дар ин омӯзиш 25 нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор вазорату идораҳои кишвар ширкат доранд.
Дар давоми як ҳафта ширкаткунандагон малака, дониши худро дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, инчунин таҳкими тавонмандӣ барои идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақвият мебахшанд.
Дар оянда иштирокчиён донишҳои андӯхтаро ҳамчун мураббӣ истифода бурда, дар байни кормандони вазорату идораҳои кишвар, инчунин маҳаллаҳо тамринҳо мегузаронанд.
Омӯзиш бо таошҳои коршиносони байналмилалӣ, ки дар лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳои табиӣ кор мекунанд, гузаронида мешавад.