Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти вилоят тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавⱪулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар якҷоягӣ бо шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо сокинони маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Сурх, Чоркуҳи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Хистеварз, Овичиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқотҳо доир гардид.
Дар мулоқоту вохӯриҳо гурӯхи кории Раёсат аз ҳисоби бонувони хизматчии Шӯрои занони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавⱪулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва намояндагони шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур ин фаҳмонидани моҳият ва дарки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" буда, ба ин васила пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, бахусус хушунат дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷинояту ҷинояткорӣ байни занон ва ҷавонону ноболиғон, пешгирии омилҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба савдои одамон, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, аз шабгардию оворагардӣ ва сарфакорию зиёдаравӣ худдорӣ намудан, пешгирии бемориҳои сироятӣ, даъвати ҷавонони бонангу номус ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта ва ғайраҳо мебошад.
Дар охири мулоқот ба ширкаткунандагон дастуру китобчаҳо плакатҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тақсим карда шуд.
Ин гуна дидору мулоқотҳо дар навоҳии дигар вилоят идом а доранд.
Шаҳзодахон Бутаева