Дарси омӯзишӣ дар Раёсати Хатлон

6 декабри соли 2021 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи иҷрои протоколи маҷилси Шўрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оиди таҳлилу ҷамбасти амалияи тафтишотӣ суди прокуратураи ҳарбии  гарнизони Кўлоб оид ба ҷиноятҳои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ ва вайрон намудани муносибатҳои ойнномавӣ байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизони Кўлоб дар давраи 9 моҳи соли 2021 бо роҳбарии муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёси – тарбиявӣ полковник    Сулаймонзода Т. А ва бо иштироки ҳайати шахсии Раёсат мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар вохӯрӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2020 – 2025”, омӯзиши ҳадафҳои қонун ва стратегияи мазкур  сухан рафт.

Қайд карда шуд, ки  Терроризм – яъне зуроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият  хавфнок мебошад. Терроризм ва экстремизм хатарноктарин падида барои олам аст ва давлатҳо барои мубориза бо он якҷоя иқдом мекунанд.   

Аз ин рў хизматчиёни давлатиро зарур аст ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва дар сурати муайян гардидани чунин шахсон ва ё ташкилотҳое, ки ба фаъолияти экстремистӣ машғуланд, омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ бошанд. 

 

М.Муйдинов