Дар дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд наваскарони даъвати тирамоҳии соли 2021 ба номи Ватан савганди ҳарбӣ ёд карданд. Дар чорабинӣ сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина, ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозон иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо суруди миллӣ оғоз шуд ва полковник Додиён Баҳром Одина ҳайати шахсӣ, наваскарон, волидайни онҳоро ба муносибати рўзи қабули савганди ҳарбӣ муборакбод намуд. Ҳамчунин табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Сарвари Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд таъкид намуд, ки ин рўзи фаромўшнашаванда аст, яъне рўзи қабули савганди ҳарбӣ рӯзест, ки ҳар як ҷавонмард қадами аввалини худро ба мактаби мардонагӣ ва шуҷоъат мегузорад, зеро хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ватани азизамон ба ҳар як ҷавон қарз аст.
Полковник Додиён ҳамчунин гуфт, ки Артиши миллӣ бо таваҷҷўҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.
Сипас, наваскарон тантанавор савганди ҳарбиро қабул намуданд. Ҳамзамон фармондеҳи қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майор Хисрав Қурбонзода суханронӣ кард ва наваскаронро табрику муборакбод намуд.
Дар ҷамъомади идона баробари сарбозону афсарони қисми низомӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардори шўъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, волидайни сарбозон иштирок доштанд.
Баъди анҷоми маросими савганди ҳарбӣ ва сафороии ҳарбӣ волидон бо шароити хидмат ва макони будубоши қисми низомӣ, таҷҳизоту лавозимоти наҷот аз наздик шинос шуданд.
Барои наваскарон дастурхони идона ва барномаи фарҳангӣ низ ташкил шуда буд.
Шаҳзода Бутаева