10 декабри соли 2021 дар ҷараёни сафари корӣ ба водии Рашт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар маросими савгандёдкунии наваскарон иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин бо шароити зисту зиндагонии зарардидагон аз заминларза дар Тоҷикобод шинос шуд ва бинои нави паногоҳ барои осебдидагони эҳтимолии офатҳои табиӣ дар як деҳаи дурдасти кӯҳии шаҳри Роғунро ифтитоҳ намуд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сафарашро аз иштирок дар маросими савгандёдкунии наваскарон дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ воқеъ дар минтақаи Рашт оғоз кард.
Дар маросими тантанавӣ раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, комиссари ҳарбӣ ва прокурори ҳарбии ноҳия, ҳамчунин волидон ва хешовандони наваскарон ҳузур доштанд.
Наваскарон дар як вазъияти тантанавӣ ба номи Ватан савганди садоқот ёд карданд, савганде, ки онҳоро ба иҷрои қарзашон ҷиҳати ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистони соҳибистиқлол, назму субот вазифадор мекунад.
Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард ва аз ҷумла гуфт: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки тайи беш аз бист соли охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстӣ, шуҷоату мардонагӣ табдил ёфта, имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони ботаҷрибаро тарбия кардааст. Имрӯз шумо ба дастаи дӯсту тифоқи КҲФ Тоҷикистон – одамони далеру ҷасур, донишманд, ки қарзи хидматӣ ва шаҳрвандии худро бошарафона иҷро мекунанд, пайвастед”.
Ҳамчунин, дар доираи сафар раиси КҲФ ҳамроҳ бо Роҳбари Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Мусаллам аз ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод, ки аз заминларзаи моҳи июли соли 2021 рухдода осеб дида буд, дидан кард. Генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва ҷаноби Адҳам Мусаллам бо шароити зиндагии сокинон дар хонаҳои нав шинос шуданд.
Гуфтанист, ки барои сокинони осебдида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон маводи сохтмонӣ барои бунёди биноҳои истиқоматӣ ва кӯмаки маводи ғизоӣ расонида шуд. То имруз 57 бинои нави истиқоматй мувофиқ ба меъёрҳои пазируфташудаи бинокорй аз нав сохта шуд.
Сипас, сардори Идораи наҷоти кишвар дар маросими ифтитоҳи сарпаноҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ, ки дар ҳудуди деҳаи кӯҳистонии Калтаҳои шаҳри Роғун сохта шудааст, иштирок намуд.
Сохтмони бино бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд.
Дар маросими ифтитоҳ Сарвари Бахши Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат намуд.
Раиси КҲФ ба ҷаноби Ҳусайнӣ барои ин сохтмони беназир изҳори сипос намуд ва идомаву таҳкими ҳамкориҳои оянда изҳори умед кард.
Дар навбати худ, сардори Бахши Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ қайд кард, ки дар маҷмӯъ ин бахш дар доираи марҳилаи дуюми «Лоиҳаи ҳамаҷонибаи беҳбуди муҳити зист ва саломатӣ”, ки аз ҷониби Агеннтии швейсарии рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад, барои қурбониёни офатҳои табиӣ боз чаҳор сарпаноҳ бунёд хоҳад кард.
Ин паноҳгоҳ ҳамчун маъво барои зарардидагону осебёфтагони офатҳои табиии эҳтимолӣ хидмат хоҳад кард ва он хатари хисорати бештар ва зарар ба ҷони инсонҳоро коҳиш медиҳад. Дар ин бино, ки як хонаи муваққатист, барои осебдидагон ҳама шароити зист фароҳам оварда шудааст. Он барои зисту зиндагии муваққатии 50 нафар пешбинӣ шудааст.