Нигарониҳои сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз тақсими ноодилонаи воксанҳо дар олам

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус мегӯяд шумори воксаншудагон аз теъдоди сироятёфтагон ба вируси корона зиёд шуд. Ҳамзамон вай гуфт, ки аз чор се ҳиссаи эмшудагон дар 10 кишвари сарватманди олам зиндагонӣ мекунанд.  Маркази хабарҳои Созмони Милали Муттаҳид бо пахши ин хабар ин суханони Тедрос Гебрейесусро иқтибос овардааст: “Дар баъзе кишварҳо аллакай қисмати бештари...

COVID-19: Шумори олудашудагон ба вируси корона дар олам аз 106,6 миллион гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 106 миллиону 696 ҳазору 325 нафар ва ҷонбохтагонро 2 миллиону 327 ҳазору 535 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта боз 118 ҳазору 060 нафар мубтало шуданд ва 2 741 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 78 миллиону 531 ҳазору 336 нафар буда, ин шабу рӯз 104 ҳазору 265 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

ДОНИШ:Тӯфони геомагнитӣ ё хуршедӣ чист?

Тӯфони геомагнитӣ ё тӯфони хуршедӣ як ошуфтагӣ ё худ дарҳаму барҳам шудани майдони геомагнитӣ буда, метавонад аз чанд соат то чанд рӯзро дар бар гирад. Онҳо аз ларзиши мавҷи боди хуршедӣ ва таъсири он ба магнитосфераи Замин ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи таъсири боди хуршедӣ ба магнитосфераи Замин ҷараёни ҳалқавие, ки дар камарбандҳои радиатсионӣ вуҷуд доранд пурзӯр мешавад.

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам ба 106 миллион наздик мешавад

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба  105 миллиону 957 ҳазору 358 нафар расид ва бар асари ин беморӣ то кунун 2 миллиону 310 ҳазору 170 нафар ҷон бохтанд. Дар як шабонарӯз 231 904 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд ва 7 612 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон ба 77 миллиону 747 ҳазору 724 нафар расидааст. Ҳоло дар беморхонаҳои олам 105 ҳазору 618 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

COVID-19: Тоҷикистон тибқи як барномаи байналмилалӣ соҳиби 732 доза воксани AstraZeneca хоҳад шуд

Бист кишвари олам дорандагони беш аз як миллион гирифторон ба коронавирус мебошанд. Ахиран ба ин рӯйхат Ҷумҳурии Чех дохил шуд ва рӯзҳои наздик Нидерландия низ шомили ҳамин рӯйхат хоҳад шуд. 80 дарсади мубталоён ба коронавирус дар ҳамин 20 кишваранд.

Вазири тандурустии Олмон Йенс Шпан изҳор дошт, ки...

Страницы