Covid-19: Чин хабар дод, ки чанд гурӯҳи қаллобони фурӯши воксанҳои қалбакиро боздошт кардааст

Субҳи имрӯз шумори гирифторон ба коронавирус дар олам  109 миллиону 703  ҳазору 622  нафар ва ҷонбохтагон 2 миллиону 419 ҳазору 986 нафар эълон шуд. Дар шабонарӯзи гузашта 119 ҳазору 986 сироятшудаи нав ва 3 971 фавтида аз ин беморӣ сабт гардид. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 84 миллиону  403 ҳазору 885 буда, ҳоло дар саросари олам 98 181 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Ҳам машқ ва ҳам ободонӣ

Вақтҳои охир ҳама машқу тамринҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои ободониву пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳамроҳ роҳандозӣ мешаванд. Яъне, мутасаддиён, наҷотдиҳандагон ва аҳолии маҳалҳое, ки дар минтақаҳои осебпазир зиндагонӣ мекунанд, қоидаҳои бехатариро меомӯзанд ва ҳамзамон барои пешгирӣ аз ҳар гуна...

Ситоди ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои наврӯзиро иҷозат дод, вале бо баъзе истисноҳо

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ...

Бузургтарин инфиҷор ва сӯхтор дар Ҳироти Афғонистон. 500 мошин хокистар шуд, беш аз 70 нафар зарар диданд (ВИДЕО)

Ин ҳодиса дирӯз дар Ислом-Қалъаи вилояти Ҳироти Афғонистон рух дод ва дастаи сӯхторнишонҳои минтақа аз уҳдаи хомӯш кардани забонаи оташ набаромад. Баъдтар ҳукуматдорони Эрон ба нуқтаи гумрукӣ мошинҳои сӯхторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ фиристоданд. Танҳо рӯзи дуюм муяссар шуд, ки оташ хомӯш карда шавад. Мақомот мегӯянд ҳаҷми зарари расида ҳисоб мешавад.

Марги мармуз. Ҳувийяти ҷасаде, ки дар Чошкандез пайдо шуд, маълум нагардид

14 феврали соли 2021 соати 11:03 дақиқа ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар ВМКБ хабар расид, ки дар ҷазирачаи байни дарёи Панҷ воқеъ дар деҳаи Чошкандези ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон ҷасади шахсияташ номаълум пайдо шудааст.

Барои баровардани ҷасад аз дохили дарё дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар МВКБ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид.

Страницы