Бузургтарин инфиҷор ва сӯхтор дар Ҳироти Афғонистон. 500 мошин хокистар шуд, беш аз 70 нафар зарар диданд (ВИДЕО)
Чоп шуд: 15/02/2021 | redaktorИн ҳодиса дирӯз дар Ислом-Қалъаи вилояти Ҳироти Афғонистон рух дод ва дастаи сӯхторнишонҳои минтақа аз уҳдаи хомӯш кардани забонаи оташ набаромад. Баъдтар ҳукуматдорони Эрон ба нуқтаи гумрукӣ мошинҳои сӯхторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ фиристоданд. Танҳо рӯзи дуюм муяссар шуд, ки оташ хомӯш карда шавад. Мақомот мегӯянд ҳаҷми зарари расида ҳисоб мешавад.