COVID-19: Баъди вуруди Толибон ба Кобул ваксангирии аҳолӣ 80% коҳиш ёфтааст. Дар ҷаҳон марг бар асари коронавирус кам шудааст

Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 214 миллиону 780 ҳазору 276 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 4 миллиону 477 ҳазору 259 нафар ҷон бохтаанд. Теъдоди шифоёфтагон аз ин беморӣ 192 миллиону 110 ҳазору 600 нафар эълон шудааст.

Мулоқоти Раиси КҲФ бо Консули Исроил

Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода бо ҷонишини ҳайат ва Консули Сафорати Исроил дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Идан Давид баргузор шуд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Қасри миллат

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Шумори олудагон ба коронавирус дар олам аз 214 миллион гузашт. Дар Тоҷикистон 16 562 нафар гирифтор шудаанд

Шабонарӯзи гузашта дар олам 434 852 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ дар 24 соати гузашта 7192 нафар фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 214 миллиону 174 ҳазору 539 нафар олудаи COVID-19 шуданд ва 4 миллиону 469 ҳазору 005  нафар ҷон бохтанд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то ба имрӯз 16 562 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд. Шумори фавтидагон аз аввали ҳамагирӣ 124 нафар эълон шудааст. 16 360 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Вулқони Марсили: ғулпайкари зериобӣ, ки ба Италия таҳдид мекунад

Дар соҳилҳои ҷанубии Италия, дар қаъри баҳри Тирени (итол. Mare Tirreno – бахше аз баҳри Миёназамин, ки дар каронаҳои ғарбии Италия воқеъ шудааст) дар умқи мавҷҳои хурӯшон бузургтарин вулқони амалкунандаи Аврупо  паноҳ бурдааст.  Имрӯз донишмандон сари ин суол меандешанд, ки агар ин вулқони азим бедор шавад ва фаввора занад, чӣ пеш хоҳад омад.  Пешбиниҳо хеле гуногунанд ва баъзеҳо аз фоҷеаи гӯшношуниде низ...

Страницы