29 декабри соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулода дар соли 2021 баргузор гашт.
Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Хатлон – муовини Раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулода - Файзуллозода Заробиддин баргузор гашта, дар кори он аъзоёни комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласа иҷрои қонуни қарорҳои амалкунанда дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва натиҷаҳои фаъолияти Комиссия дар соли 2021 баррасӣ гардида, омодагӣ ва ба нақшагирии чорабиниҳо ва вазифаҳо барои соли 2022 қабул гардид.
Баъд аз ба охир расидани ҷаласаи мазкур ба раисони фаъоли Комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулода сипосномаҳои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон супорида шуд.