Ёди таърих. Аз марги фоҷеабори маликаи Британия Диано 24 сол сипарӣ шуд

Ин ҳодиса 31-уми августи соли 1997 рух дода буд. Ва бо гузашти 24 сол аз марги фоҷеабори маликаи Британияи Кабир Диано ҳамоно ҷузъиёти он мушаххасан маълум нест. Ахиран вакили мудофиаи рафиқи Диано Додӣ ал-Файёд китоберо дар Британияи Кабир интишор дод, ки саҳфаҳои торики ин фоҷеаро рушан мекунад. Хулосаи вакили мудофиа он аст, ки марги Диано ҳаргиз ҳодисаи тасодуфӣ набуд. Он метавонад як нақшаи қаблан

COVID-19: Чанд хабари мухтасар аз Тоҷикистон ва олам

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дирӯз хабар дод, ки дар кишвар боз 35 сироятшудаи нав ба коронавирус сабт шудаву 38 нафар баъди муолиҷа аз беморхонаҳо ҷавон шудаанд.  Бино ба  маълумоти ин вазорат аз аввали ҳамагирӣ дар кишвар 16 852 нафар ба COVID-19 гирифтор шуданд ва 99,1% онҳо шифо ёфтаанд. Аз оғоз то ба имрӯз 124 нафар дар Тоҷикистон аз COVID-19 ҷон бохтанд.

Мусалмоне, ки талош кард ҳавопаймо созад. АББОС ибни Фирнос кӣ буд?

Бино ба маълумоти Донишномаи озод Абулқосим Аббос ибни Фирнос (ар. عباس بن فرناس‎; 810, Рундо — 887, Қуртуба) — донишманди маъруфи мусулмон, ихтироъкор, муҳандис, аввалин нафари дар фазо парвозкарда, табиб, шоир ва мусиқашинос буд.

Ӯ дар Андалус (як исми арабист, ки ба бахшҳое аз нимҷазираи Иберий ва Сритимонё, ки тавассути

Тӯфони “Ида” дар Луизиана ҳудудан 2 миллион нафарро аз қувваи барқ маҳрум кард (ВИДЕО)

Тӯфони “Ида”, ки  манотиқи наздисоҳилии иёлоти амрикоии Луизианаро фаро гирифт, наздик ба ду миллион сокинони минтақаро аз қувваи барқ маҳрум кард. То ба ин соатҳо аз марги як нафар гузориш расидааст, вале губернатори иёлот ба ин бовар аст, ки шумори куштагони ин тӯфон меафзояд.

Коршиносон мегӯянд барои ин минтақа як муддати тӯлонӣ

COVID-19: Идомаи тазоҳуротҳо зидди маҳдудиятҳои коронавирусӣ дар Фаронса ва Олмон

Шоми гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 40 сироятшудаи нав ба коронавирус хабар дод.  Ин манбаъ гуфт, ки 48 нафар баъди муолиҷа аз беморхонаҳои хориҷ шудаанд. Дар хабари ин вазорат омадааст: 29 август  дар кишвар 16 778 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 618 нафар...

Страницы