Дар як шабонарӯз ниҳодҳои тандурустии ИМА дар саросари кишвар 1 миллиону 80 нафарро чун гирифтор ба коронавирус ба қайд гирифтанд, ки ин болотарин нишондиҳандаи рекордӣ дар ҳама замони ҳамагирӣ мебошад. Аммо мақомот гуфтаанд, ки ин ҳоло поёни нуқтаи авҷ нест. Эҳтимол аст вазъ аз ин бадтар шавад.
Бино ба гузориши созмонҳои беҳдоштӣ аксари сироятшудагон ба штамми “Омикрон” гирифтор шудаанд. Аммо шумори марг назар ба кулли рӯзҳову моҳҳои дигари пандемия дар сатҳи поин қарор доштааст. Вале мақомот мегӯянд шумори касоне, ки бистарӣ мешаванд, меафзояд.
Мушовири илмии ҳукумати ИМА ва сарэпидемиологи кишвар Энтони Фаучи дар суҳбат бо телевизиони Эй-би-си гуфтааст, ки аз ҳама бештар шаҳрвандоне гирифтори мешаванд, ки худро ақалан боре зидди коронвирус эм накардаанд. Ва ин шахсан бемориро хеле вазнин пушти сар мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун даҳҳо миллион сокинони ИМА зидди коронавирус ваксина нагиритфаанд.
Ҳафтаи гузашта бино ба гузориши Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз дар ИМА аз КОВИД-19 8652 нафар фавтиданд.