COVID-19: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон 114 ҳазору 660 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” тақдим намуд

То имрӯз дар саросари олам 229 миллиону 351 ҳазору 935 нафар чун мубтало ба Covid-19 сабт шуда, аз ин бемории ҳамагир 4 миллиону 706 ҳазору 699 нафар ҷон бохтаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар кишварҳои дунё 145 ҳазору 846 сироятшудаи нав сабт шуда, 2 859 фавтидаанд.

Як пажӯҳиш мегӯяд дар 40 соли охир аз офатҳои табиӣ 3,3 миллион нафар ҷон бохтаанд

Бино ба маълумоти СММ аз заминларза ва дигар зуҳуроти хатарноки табиӣ аз соли 1970 то соли 2010 дар саросари олам наздик ба 3,3 миллион нафар (ба ҳисоби миёна ҳар сол 82 500 нафар) ба ҳалокат расидаанд. Аксари онҳо дар қаламрави кишварҳои фақир зиндагӣ мекарданд.

Дар маҷмӯъ ҳаҷми зарар аз ҳамаи намудҳои офатҳо миёни...

Талошҳо барои наҷоти секвояи Генерал Шерман дар Калифорния. Мегӯянд ин дарахт 2700 сол дорад

Сӯхторхомӯшкунандагон дар Калифорния талош доранд бузургтарин дарахти оламро, ки оташсӯзии бешаҳо ба он таҳдид мекунад ва инак чанд ҳафта ба инҷониб дар парки миллии “Секвоя” идома дорад, ҳифз кунанд.

Ин парк дар минтақа бо ниҳолҳои бузурги секвояи ҳамешасабзаш машҳур аст ва яке аз онҳо азимҷуссаи ҳаштодметраи Генерал Шерман мебошад. Ин дарахтро...

Гази вулканӣ чист?

Газҳои вулканӣ, газҳое, ки дар вақти оташфишонии вулкан ва баъди он аз танўра ва таркишҳои воқеъ дар нишебиҳои вулкан, аз селоби гудозаҳо ва ҷинсҳои прокластикӣ (тарканда) хориҷ мешаванд.

Газҳои вулканӣ дар вақти оташфишонӣ аз танўраи вулкан хориҷшавандаро газҳои эруптивӣ ва газҳои боқимондаро, ки аз қитъаҳои ҷудогонаи танўра ва сатҳи селобаи гудозаҳо...

Дарсҳои омӯзишӣ дар Маркази таълимии КҲФ

Бар асоси Барномаи таълимии омӯзиши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Нақшаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021 аз 13 то 17 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази ёдшуда дарсҳои омӯзишӣ барои сармутахассисон ва мутахассисони шуъбаҳо ва раёсатҳои Кумита, ки дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои...

Страницы