Ҷасади як моҳигири 33-соларо, ки дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо карданд

Ҷасади як марди 33-сола, ки ахиран ҳангоми моҳидорӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.

Ин ҳодиса 25-уми сентябри соли 2021 рух дода буд. Бегоҳӣ, соати 18:00 ба Қистми навбатдории КҲФ хабар доданд...

Сӯхторҳои бузурги олам. ОТАШСӮЗИИ ҶАНГАЛ

Як навъ оташсӯзии идоранашаванда аст, ки дар минтақае бо гиёҳони хушкшудаи ин ё он деҳа ва ё табиати ваҳшӣ рух медиҳад. Ин оташсӯзӣ назар бар ҳар сӯхтори дигар зуд забона мезанад ва паҳн мешавад ва хеле ба зудӣ як масоҳати басо азимро фаро мегирад. Бахусус агар он дар табиати ваҳшӣ рух диҳад, харобиовартару мудҳиштар мешавад.

Оташсӯзии ҷангал як падидаи басо маъмулӣ дар Австралия мебошад...

Фоҷеа дар Элбрус: Панҷ кӯҳгард ҳалок шуд ва 14 нафарро наҷот доданд

Ҳангоми боло шудан ба кӯҳи Элбрус дар Қабардину Балқар панҷ кӯҳгард ба ҳалокат расидаву 14 тани дигарро наҷот додаанд. Амалиёти наҷоти касоне, ки дар баландии наздик ба 5400 метр қарор доштанд, беш аз 7 соати идома доштааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз наҷоти 14 тан хабар додаву бо...

Covid-19: Шумори мубталоён ба 231 миллион ва ҷонбохтагон ба 4,8 миллон нафар наздик мешавад

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то субҳи имрӯз, 23 сентябри соли 2021 дар олам  230 миллиону 947 ҳазору 956 нафар гирифтори  коронавирус Covid-19 шуда буданд. Зарафи шабонарӯзи гузашта  280 ҳазору  169 нафар чун мубталои нав сабт шуд. Теъдоди фавтидагон ба 4 миллиону 734 ҳазору 237 нафар расид ва зарфи 24 соати сипаришуда 5 845 нафари дигар аз ин бесорӣ ҷони худро аз даст доданд.

Шарҳи ду истилоҳ: Пирофобия ва Пиромания

Пирофобия - Озарҳаросӣ, оташҳаросӣ, тарсидан аз оташ, оташтарсӣ. Анг.  Pyrophobia. Тарс аз оташ. Ин ҳарос тарси куҳан ва қадимӣ аст ва  эҳтимолан аз замони кашфи оташ аз ҷониби инсон вуҷуд доштааст.

Тарсидани ҳамешагӣ ва ҳарос аз оташсӯзиҳо. Одамоне, ки дар ҷангҳои иштирок кардаанд, миёни офатҳои табиӣ будаанд, фалокатҳои техногениро зиёд дидаанд ва аз онҳо

Страницы