Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Боми хонаҳои худро сари вақт аз барф тоза кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки ба боми хонаҳои худ таваҷҷуҳ кунанд. Сокинони шаҳру деҳот бояд сари вақт боми хонаҳои худро аз барф тоза кунанд, хасу хасрӯбаҳое, ки шамол овардааст, низ аз резишгоҳи об берун намоянд. Ба ин роҳ надиҳанд, ки барфи обшуда шабонгаҳон ях бандад ва шушаи бомгӯшаҳо одамонро ҷароҳатдор кунанд.

Онҳое, ки аз роҳҳо мегузаранд, хеле эҳтиёткор бошанд. Дониста бошед, ки ҳамеша зери кӯрпаи барф ях ниҳон аст ва ҳодисаҳои лағжидану лат хӯрдан зиёданд. Бахусус агар бубнед, ки дар аз бому новаҳо ва деворҳо шушаҳои ях овезонанд, бояд боэҳтиёт дур аз он гузаред. 

Соҳибони мошинҳо бояд мошинҳои худро дуртар аз девори хонаҳову биноҳо нигоҳ доранд. Ин мошинҳо метавонанд бар асари аз бомҳо сарозер шудани яху барф зарар бинанд.  

Волидони муҳтарам! Талош намоед фарзандони худро беназорат нагузоред. Агар шумо онҳоро танҳо ба мактаб мефиристед ва ё ба сайругашт ҳатман дар бораи хатарҳои эҳтимолӣ дар роҳҳо, барфу ях ва ғайро онҳоро огоҳ намоед.

Кумита ҳамчунин шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки ба сабаби гарм шудани дамои ҳаво об шудани барфҳо ва пиряхҳо як амри табиист ва дар роҳҳои кӯҳӣ ин метавонад сабаби хатар бошад, чун маъмулан гармии ҳаво муҷиби лағзиши тарма мешавад. 

Боз ҳам Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намоянд.

Ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ҳатман дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои дахлдору огоҳ, аз қабили КҲФ, БДА, Вазорати нақлиёт маълумот дастрас кунанд. Огоҳӣ аз вазъи роҳҳо сафари шуморо бехатар мегардонад.

Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, чун боло бурдани суръат ва риояи фосила байни мошинҳо гарави аслии бехатарии шумост!

Агар дучори ҳодисаи фавқулодае шудед, пас лутфан ба шумораҳои 112, 223 13 11;   221 91 19 ва ё  93 880 28 19 занг занед.

барчасп: