Рӯзи гузашта, 17 январи соли 2022 роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба сабаби резиши барфи шадид ва лағзиши тарма пурра баста буд. Бахусус вазъ дар километрҳои 80, 100 дар қаламрави ноҳияи Айнӣ хеле ташвишовар буд. Ҳудуди 150 мошини калони боркаш ва бештар аз 160 мошини хурд дар нимароҳ монда буданд.
Ин мошинҳо на пеш метавонистанд раванд ва пас. Бино ба гузориши ҳамкоронамон дар минтақаи Айнӣ ҳудуди 450 нафар ронандаву мусофирон саргардон буданду ба умеди боз шудани роҳо.
Бо вуҷуди он ки борҳо таъкид мешавад пеш аз сафар ронандагон бояд омодагии ҷиддӣ гиранд ва ҳатто барои ду ё се рӯз ғизову обу оби гарм бо худ дошта бошанд, вале боз ҳам аксаран ин тавсияҳоро риояи намекунанд.
Дирӯз ширкати роҳи IRS ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷбур шуданд ронандагону мусофирони дар миёни роҳмондаро бо нону, обу нӯшокӣ, ҳасибу шириниҳои гуногун, ҳамчунин ғизои гарм таъмин намоянд.
Бино ба ахбори расмӣ мақомот беш аз 60 кило биринҷро оши палав пӯхтаву ба мусофирону ронандагон тақсим карданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ то қатъи боришот ва бартараф гардидани хатари лағзиши тарма худдорӣ намоянд.