Зимстони имсол ҳам чун солиёни пеш барои минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва роҳҳои мошингузари кӯҳӣ вазнин омад. То ба имрӯз даҳҳо ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд ва шумори он ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Рӯзи 16-уми январи соли равон билохира тарма бузургтарин шоҳроҳи кишвар роҳи Душанбе-Хуҷандро муваққатан баст. Садҳо мошин аз ду ҷониб аз сафар бозмонданд. Даҳҳо тан аз ронандагон ва мусофирони дар миёни тармамондаро имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти роҳи ширкати IRS ба маконҳои амн интиқол доданд.
Субҳи имрӯз IRS хабар дод, ки роҳ аз самти Хуҷанд боз шуд ва дар кутоҳтарин фурсат роҳ аз Душанбе ба Хуҷанд низ боз мешавад.
Хушбахтона, то ба имрӯз аз тарма хабари талафоти ҷониву хисороти дигар нарасидааст. Вале роҳҳо қариб дар аксар минтақаҳои кӯҳӣ мушкилгузар шуданд. Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносӣ ҳавои сарду борону барфҳои шадид то 20-уми январ идома мекунад.
Ахиран Агентии ҳавошиносӣ ҳам дар саҳифаҳои иҷтимоӣ аз мавҷудияти хатари тарма ва мушкилии роҳҳо бонги хатар зад ва аз ронандагон хост аз сафарҳо ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти роҳи ширкати IRS пайваста дар ин бораи гузоришҳо интишор медиҳанд, сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳанд, ки чанд рӯзи оянда аз ҳар гуна сафар ба минтақаҳои тармахез, кӯҳу даман, шикоргоҳу чарогоҳҳо худдорӣ намоянд.
ТАРМА ЧИСТ ВА ОН ЧӢ ХАТАР ДОРАД?
ТАРМА – тӯдаи сахтшудаи барф, ки аз кӯҳ сарозер мешавад; яхпора. Дар форсӣ барфкӯч, барфшор, баҳман ё яхбарф. Бисёр тармаҳои паси ҳам дар минтақаҳои шимол ба қайд гиифта мешаванд. Онҳо асосан дар моҳҳои феврал-март бисёр меоянд. Дар солҳои 2001—2003 садҳо нафар аз тарма зарар диданд, даҳҳо тан ҳалок гардиданд. Харобиҳо гоҳо ба ҳадде буданд, ки одамонро бехонумон карданд.
Ин падида басо ногаҳонӣ меояд ва анбӯҳе аз барф аз теппаҳо ё кӯҳҳо канда шуда, бо суръати баланд ба нишебӣ ҳаракат мекунад ва сари роҳаш ҳар чизе аз сангу хоку долу дарахт, ҳайвоноту инсон ҳаст, мерӯбад. Бо ҳаракати он аз боло ба поён қувваи фишораш нерӯмандтар мешавад, майдонаш васеътару густардатар мегардад. Суръаташ ба ҳадде тез мешавад, ки ҳатто то ба 300 км дар як соат мерасад. Он метавонад то ҳазорон ва бештар аз он тоннаҳо вазн дошта бошад. Бузургии ҳаҷми тарма майдони харобкориҳои онро густарда мекунад, мизони зарару талафот меафзояд. Он метавонад аз сари роҳаш ҳар ҷисми зинда, аз ҷумла одамро ба зер орад ва ҳангоми ин аз зарбу лат устухонҳои ӯро бишканад. Ин аст, ки зери тармамондагон на ҳамеша солим мемонанд.
Тарма аз ҷумлаи хатарноктарин ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ аст, аммо мушоҳидон мегӯянд як зуҳуроти аҷоиб ва то ҳадде зебову диданӣ низ ҳаст. Албатта, агар инсон онро аз дур мушоҳида кунад ва зери таҳдид хатар қарор нагирифта бошд. Замоне метавон онро зебо гуфт, ки харобиовар набошад. Мутаассифона, дар аксар мавридҳо ин рӯйдод харобиҳое ба дунбол дорад ва ҳатто одамонро ҳам мекушад.
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ
- ҳангоми номусоид будани обу ҳаво ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо сафар накунед;
- агар барои зарурате лозим шуд кӯҳ равед, пас ҷиддан ба тағйироти обу ҳаво диққат диҳед;
- вақте ба кӯҳ мебароед, минтақаҳои тармахезро дар роҳи сафари худ бояд донед;
- талош кунед ба он қисмат аз кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо, ки хавфи лағзиши тарма доранд, наравед;
- маъмулан ҳамеша ниҳодҳои вобаста ба обу ҳаво ва наҷот шаҳрвандонро аз вазъи ҳаво ва маконҳои пурхатару тармахез аз қабл огоҳ мекуннад. Агар шумо майли сафари кӯҳ доред, пас аввал ба ахбори манбаъҳои вобаста ба ин ниҳодҳо диққат диҳед.
- ва агар рафту шуморо хатари зери тарма мондан таҳдид мекунад, бояд аввал борхалта ва ҳар чизе доред, ҷудо шавед (ин корро бояд зуд анҷом диҳед ва ҳатто зарур аст бо корд банди онро буред).
- агар шумо лижаронед бояд ҳатман лижа ва чӯбдасти лижарониро низ раҳо кунед.
- Агар зери тарма мондед, талош кунед аз зер ба боло ҳаракат кунед. Ва агар дар дохили барфтӯда мондед, пас хуб аст, ки тибқи қоидаҳои шиноварӣ ҳаракат намоед.
- Вақте тарма дар ҷойе қарор мегирад, зарур аст барои худ муҳити нафасгирӣ созад. Барои он ки таваҷҷуҳи наҷотдиҳандагонро ба худ кашад, пас дасташро боло бардорад. Агар одам дар жарфо қарор дорад, пас талош кунад оксигенро сарфакорона истифода барад, фаъолнокии ҳаракаташро маҳдуд созад.
- баъди он ки тарма дар ҷойе қарор гирифту аз ҳаракат монд, аввалин коре, ки бояд анҷом диҳед он бошад, ки дастатонро аз барф берун кунед, то имдодгарон шуморо дида тавонанд. Агар дар қаър мондед, пас хубтар он аст, ки камтар ҳаракат кунед, то оксиген бароятон захира монад, қуввати ҳаракат дошта бошед.
- Агар мехоҳед фарёд кунед, садо бароред, пас бояд тарзе ин корро анҷом диҳед, ки барф ба даҳони шумо ворид нашавад, роҳи нафасатонро набандад. Аммо бояд донед: Тавре касони зери тарма мондаву зинда беруншуда шаҳодат медиҳанд, садо аз зери барфтӯда берун намешавад ва доду фарёди шуморо берунбудагон намешунаванд.