ҲУШДОРИ КҲФ: Роҳҳоро хатари тарма таҳдид мекунанд. Аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед!

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Варзоб шоми дирӯз соати 21:10 дақиқа, дар километри 60-800 мавзеи Майхӯра тарма фаромада, мошинҳои сабукрав,  ки  аз самти шаҳри Хуҷанд тарафи шахри Душанбе ҳаракат мекарданд, муваққатан дар мондаанд.

Барои тоза намудани барфи сарозершуда техникаи ширкати IRS   сафарбар гардида, соати 22:20 дақиқа,  километри 60-ум аз тарма пок шуд ва нақлиёти дармонда  ба самти шаҳри Душанбе равона шуданд.

Ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

******     ******     ******

Рӯзи 18.01.2022  соати 11:48 дақиқа, бар асари боришоти барфи зиёд дар километрҳои 31, 32 - мавзеи Баржир, 42 - мавзеи Ирғазор, 48 -мавзеи Сист, 51-мавзеъи Бижури ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳяи Ишкошим тарма омад ва роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста гардид.

Барои тоза намудани самти роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисб, боркунаки фронталӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида,  соати 19:34  дақиқа роҳ боз шуд.

******     ******     ******

Рӯзи 18.01.2022  соати 13:30 дақиқа дар километи 30-юми  мавзеъи Барчадефи ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон тарма омад ва роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан маҳкам гардид.

Барои тоза намудани роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисии ДТ-75 аз тарафи МНДРА-и ноҳияи сафарбар гардида, соати 18:52 дақиқа роҳ поккорӣ шуд ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

 ******     ******     ******

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи 18 январи соли равон, соати 12:51 дақиқа дар километри 556-и мавзеъи Синслаи ҷамоати деҳоти Пастхуфи  ноҳияи Рӯшон тарма лағжида шоҳроҳи Душанбе-Хоруғро муваққатан баст. 

Барои тоза намудани роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисии ДТ-75 аз тарафи МНДРА-и ноҳияи сафарбар гардида, соати 13:20 дақиқа роҳ пурра аз барфтӯда пок шуд ва ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шуд.

******     ******     ******

Рӯзи 18 январи соли 2022 соати 16:03 дақиқа, дар километрҳои 26,  27-и мавзеҳи Хиҷез, 48-ум мавзеҳи Даржом, 52-и  мавзеҳи Разуҷи ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон тарма фаромада, роҳи  Рӯшон-Водии Бартангро баст. 

Бо талоши МНДРА-и ноҳия, ки техникаи муҳандисӣ эъзом намуд, корҳои поксозӣ аз барф идома доранд. Ин роҳи дорои аҳамаияти маҳаллӣ ҳоло муваққатан баста аст. 

******     ******     ******

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз сафарҳои безарурат аз тариқи ағбаҳо ва роҳҳои дигари кӯҳии кишвар муваққатан худдорӣ кунанд.

Хатари лағзиши тарма дар саросари роҳҳои мушкилгузари кӯҳӣ таҳдид мекунанд.

КҲФ хоҳиш мекунад ба эълонҳои ширкати IRS, БДА, КҲФ, Вазорати нақлиёт диққат диҳанд ва ҳар ҷо агар роҳаш муваққатан баста эълон шудааст, сафар накунанд.

барчасп: