Ҳушдори КҲФ аз хатари лағзиши тармаву резиши санг. Роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста аст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳамоно дар роҳҳои  Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст.

16 январи соли 2022 дар километрҳои 62500, 64500, 65500, 66, 68, 69, 70, 72, 73 ва 74  роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, ки аз қаламрави Майхӯра, Ҳушёрб ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузарад лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои интиқоли одамон аз макони хавфнок ба ҷойҳои амн гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба он Ҷонишини якуми Раиси КҲФ полковник Ҳотамшо Латифзода сарварӣ мекунад. Шабонарӯзи гузашта кормандони наҷоти КҲФ ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва хадамоти роҳи ширкати “IRS” 20 ронанда ва мусофирони  мошинҳои дар миёни тарма мондаро дар роҳи Душанбе-Варзоб ба макони бехавфу хатар интиқол доданд. 

Дар айни замон корҳо барои бартараф намудани паёмадҳои тарма ва резиши барф идома дорад. Роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста аст.

Ҳамчунин дар ҷойҳои лағзиши тарма барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи IRS постгоҳҳои ташкил карда шудаанд.

Барои тозакунии роҳ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, хадамоти роҳи “IRS” ва нафотдиҳандагони КҲФ ҷалб шудаанд. Бар асари резиши барфу лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали Кумита мунтазам посбонӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд.

Бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар бориши борону барф дар минтақаҳои мухталифи кишвра то 20 январ идома хоҳад кард.

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳиву ноҳияҳои наздикӯҳӣ маҳдуд кунанд. Рафтан ба чарогоҳ ҷиҳати чорвочаронӣ, шикоргоҳ, моҳидорӣ ва ё ғунучини ҳезум дар чунин рӯзҳо бехатар нест.

Инчунин, Кумита дар давраи сардӣ ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои зеринро риоя кунанд:

 

  • Шумо ҳар хонае доред ва новобаста ба системаи гармидиҳии он (газӣ, бухорӣ ва ғайра) бояд ҳатман захираи сӯзишворӣ дошта бошед. 
  • Хонаҳои худро гарм нигоҳ доред, манзили шумо паногоҳест барои аҳли оила аз сармои шадид. Ҳамеша ҳарорати гармиро як хел нигоҳ доред, пеш аз он ки хонаҳо сард шаванд, системаи мустақили гармидиҳиро фаъол кунед. Ҳаргиз аз дастгоҳи барқии дастсохт истифода накунед!
  • Ҳангоми шамоли сахт зери дарахтон, пояҳои реклом ва хатҳои интиқоли қувваи барқ наистед!
  • Дар ҳақи чорвои хонагии худ низ ғамхорӣ кунед, бояд онҳо низ дар ҷойи амну бехатар ва гарм бошанд ва бо ғизову об таъмин.
  • Соҳибони мошинҳои шахсӣ бояд ҳатман пеш аз сафар омодагии мошини худро  санҷанд. Фаромӯш накунанд, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон мошини онҳо ҳатман бояд бел, табар, ҳезум, ҳалқаҳо барои барф, фонус, захираи ғизо ва ғайра дошта бошад. Ҳатман телефони ҳамроҳи худро бо худ бигиред.  

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода метавонед бо ин рақамҳо занг занед ва кумак хоҳед:

– Навбатдори масъули Кумита -112, 221-91-19, 223-13-11;

– Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе  – 225-44-62, 225-44-76

– Навбатдори масъул дар ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744

– Навбатдори масъул дар вилояти Суғд - рамз 3422 тел: 51555, 57995

– Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон – рамз 3222 тел: 23505, 27827

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб – рамз 3322 тел: 21656, 21657

– Навбатдори масъул дар минтақаҳои ноҳияҳои Рашт – рамз 3131 тел: 22374

– Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор – рамз 3139 тел: 26074

КҲФ ҳушдор  медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

барчасп: