Сагҳо ва кӯдакон. Ишора ба чанд иштибоҳи волидон

Саг қабл аз ҳар чизи дигар посбони хонаву дар аст ва одамони зиёде ҳастанд, ки дар хона саг нигоҳ медоранд. Баъзе хонаводаҳое, ки кӯдаки хурдсол доранд, мехоҳанд саг дошта бошанд, чун дар филмҳо мебинанд ва дар китобҳо мехонанд, ки сагҳо дӯстони вафодору шафиқ барои тифлонанд. Вале зиндагии воқеъӣ на ҳамеша шабеҳи афсона аст. Волидон қабл аз он ки тасмим гиранд барои фарзандонашон саг дошта бошанд, дар фикри амнияти онҳо низ бояд бошанд.

Ҳушдори КҲФ: Борону барф ва ҳавои сард дар пеш аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 26-27 декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва ин борон гоҳо ба барф табдил мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои

Идомаи ҷаласаҳои ҷамъбастии Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар

Дар қаламрави кишвар ҷамъбасти кори комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда идома дорад, ки дар он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент, Шаҳристон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд, инчунин дар ноҳияҳои Варзоб ва...

Ду рӯйдоди рӯзи гузашта

Рӯзи гузашта соати 16:25 дақиқа як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар кӯчаи Маяковскии пойтахт писари ноболиғаш ҳангоми бозӣ дар майдони тафреҳии назди бино дар алвончак дармондааст. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва соати 17:02 шаҳрвандро наҷот доданд ва солим ба волидонаш супурданд.

Дар КҲФ Паёми солонаи Сарвари давлатро шуниданд

21 декабри соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи раёсату шуъбаҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.

Ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Кумита дар толори маҷлис ҷамъ омад ва гузориши мустақими...

Страницы