Ҳушдори КҲФ: Борону барф ва ҳавои сард дар пеш аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 26-27 декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва ин борон гоҳо ба барф табдил мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ҳамчунин дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ барфи шадид меборад. Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ коҳиши дамои ҳавои рӯзона ба  8-10 0С дар назар аст.

Рӯзҳои 24-27 декабри соли 2021 дар баъзе ноҳияҳо ҳавошиносон туманро пешгӯӣ мекунанд. 

Ғайр аз ин гуфта мешавад, ки барфи тар ба хатҳои интиқоли барқ ва дарахтон мечаспад, эҳтимоли дар роҳҳо ба вуҷуд омадани барфтӯда ва ях бастани роҳҳо зиёд аст. 

КҲФ ҳушдор медиҳад, ки барфи тар ва боди сард метавонад ба хати интиқоли қувваи барқ зарар расонад, эҳтимоли он низ вуҷуд дорад, ки дар баъзе минтақаҳо дарахтон аз вазнинии барфи тар бишкананд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои бе заруратро маҳдуд кунанд, аз корҳои саҳро муваққатан даст кашанд, ба шикоргоҳ нараванд, ба нияти ҷамъоварии ҳезум низ аз хонаҳо берун нашаванд. 

 Дар ин рӯзҳои сард Кумита ҳамчунин ба сконон муроҷиат мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд:

  • Дар хонаҳои истиқоматӣ бо вуҷуди будани системаи гармидиҳӣ аз рӯи эҳтиёт захираҳои гармидиҳанда бояд дошта бошед. 
  • Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, чун ин ягона паногоҳи шумо дар рӯзҳои сард аст. Пеш аз паст шудани ҳарорати хона системаҳои гармидиҳии мустақилро фаъол кунед. Барои пешгирй кардани сӯхтор аз асбобҳои барқӣ ва обгармкунандаҳои дастсохт худдорӣ намоед.
  • Ҳангоми боди сахт зери дарахтон, пояҳои сустниҳоди рекломҳо, симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ  наистед. Онҳое, ки дар деҳот ҳаёт ба сар мебаранд, бояд ғами бехатариву амнияти чорвои худро ҳам хӯранд, бояд захираи кофии ғизои чорво ҳам дошта бошанд.
  • Ба соҳибони мошинҳои шахсӣ тавсия дода мешавад, ки сари вақт чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Ҳангоми ба сафар баромадан ҳатман бо худ бел, ресмону бандҳо, фонусҳо, халтаи қум, ғизои кофӣ барои муҳлати сафар дошта бошанд.

Агар мошини шумо вайрон шуд ва ё дар яху барф дармонд:

- то расидани кумак дар дохили мошин бимонед, ҳавои солони мошинатонро бо таҷҳизоти шамолдиҳанда тоза нигоҳ доред. Агар пай бурдед, ки дар атрофатон ҷабрдидагонанд, ҳатман ба онҳо ёрӣ расонед.

Ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ё рӯйдоди нохӯш шумо метавонед ба телефонҳои зерин ба навбатдори фаврии КҲФ муроҷиат намоед:

  • Қисми навбатдории Кумита-112, 221-91-19, 223-13-11
  • Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76
  • Навбатдори масъул дар ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744
  • Навбатдори масъул дар вилояти Суғд - рамз 3422 тел: 51555, 57995
  • Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон– рамз 3222 тел: 23505, 27827
  • Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб– рамз 3322 тел: 21656, 21657
  • Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт– рамз 3131 тел: 22374
  • Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор– рамз 3139 тел: 26074

Кумита бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои кишвар, аз қабили Майхура дар минтақаи Варзоб ва 72 километрии шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ,   инчунин роҳи мошингарди Душанбе — Ванҷ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардааст.

КҲФ ҳушдор медиҳад: ҳушёр бошеду дар роҳҳо оҳиста мошин ронед!

барчасп: