Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борон ва сардиҳои рӯзҳои оянда ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 05/12/2022 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон то 9-уми декабри соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои сарду боронӣ пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо борон ба барфи тар табдил мешавад, дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ барфи шадид меборад.