Ҷасади марди ба чӯпонирафта дар Турсунзода дар охири моҳи март, дирӯз пайдо шуд

Ҷасади як сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, ки охири моҳи марти соли ҷорӣ дар кӯҳ чорво мечаронду нопадид шуд, рӯзи 9-уми апрел пайдо ва ба соҳибонаш супурда шуд.

Номбурда охири моҳи марти соли равон ба қасди чорвочаронӣ молҳои худро ба кӯҳ бурд, вале бегоҳ аз ӯ дарак нашуд. Ҷустуҷӯи шахси ғайбзада аз ҷониби шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода бо ҷалби сокинони маҳаллӣ тӯли ин рӯзҳо бенатиҷа идома дошт.

 Дирӯз, 9-уми апрел ҷасади ӯро аз дарёи Қаратоғ пайдо карданд ва ба пайвандонаш супурданд. Сабаби марги ӯ маълум нест, аммо ба эҳтимоли зиёд риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми чорвочаронӣ аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба пайвандагону бозмондагони марҳум  як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми анҷоми корҳои саҳро, ғунучини ҳезум ё ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, шикор ё моҳидорӣ, чорвочаронӣ дар кӯҳу доманакӯҳҳо, соҳили рӯдхонаҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Кумита ҳамарӯза аз вазъи ҳаво ва риояи ин гуна қоидаҳо гузоришҳо интишор медиҳад ва сокинонро аз паёмадҳои боронҳои пуршиддат, резиши сангу лағзиши тарма ва ё ярч огоҳ мекунад.

Мутаассифона, кам касон ба ин ҳушдорҳо эътибор медиҳанд. Дар ҳоле ки риояи қоидаҳои бехатарӣ ва ё гӯш фаро додан ба маслиҳату  машваратҳо гарави бехатариву амнияти худи шаҳрвандон аст.

барчасп: