Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 10-11 – уми апрели соли 2023 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Чунончӣ, 10 апрел рӯзона ва 11 апрел шабона дар як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.
Рӯзҳои 10-12 апрел болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, мушоҳида хоҳад шуд, ҳамчунин лағзиши тарма, ярч, резиши санг эҳтимол дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита маслиҳат намедонад, ки дар чунин рӯзҳо одамон дар соҳилҳои махзанҳои об, бахусус, кӯлу дарёҳо гардиш кунанд. Бахусус сайёҳонро лозим аст дар чунин рӯзҳо самтҳои ҳаракати худро тағйир диҳанд.
Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, телефонҳои мобилии худро ҳамеша омода дошта бошанд, дорухонаи хонаводагиро аз назар гузаронанд ва барои эҳтиёт онро бо доруҳои ниёзи аввал ғанӣ гардонанд. Барои эҳтиёт воситаҳои зарурии рӯшноидиҳанда ва гармидиҳандаро ҳам фароҳам оранд.
Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад зиёда эҳтиёткору бадиққат бошанд. Бахусус, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо ба ронандагон лозим меояд ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст.
Рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ғунучини занбӯруғу гиёҳони шифобахш низ маслиҳат нест.
Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки сари вақт ҷӯйборҳо ва каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок созанд.