Заминларза дар Афғонистон 280 кушта ба ҷо гузошт. Садҳо нафар захмӣ шуданд

Бино ба гузориши хабаргузориҳои давлатӣ дар Афғонистон заминларзаи шадид 280 нафарро дар ин кишвар ба ҳалокат расондаву садҳои тани дигарри захмӣ кардааст. Тасвире, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфтааст, вайрониҳо бармало намудоранд ва маҷрӯҳон дида мешаванд.

Мақомоти давлатӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки омори эълоншуда ниҳоӣ нест ва эҳтимоли афзоиши он вуҷуд дорад.

Борони шадиду селҳо дар ноҳияҳои Ҷомиву Шаҳринав. Бартарафсозии паёмадҳои офат дар Хуросону Деваштич

Рӯзи 21-уми июни соли равон тахминан соатҳои  16:16 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Ифтихор, деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ  бар  асари боридани  боронҳои пуршиддат  ва  омадани сел  аз  кӯҳдоманҳо роҳи мошингарди самти шаҳри Бохтар-Уйлӣ – Ҷоми – Ёвон дар километри 77+600-м пурра  хароб гардида, ба ҳаракати  ҳамаи  намуди воситаҳои  нақлиёт  муваққатан  монеъ шуд.

Ду ғарқшуда дар Хатлон, яке 9-сола, дуюмӣ 19-сола

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки ҷасади як ноболиғе дар канали Ҷайҳун пайдо шудааст, ки 8 рӯз пеш нопадид шуда буд.

Дар хабар омадааст, ки ин писарбача, ки сокини кӯчаи Мирзоқодирови шаҳри Бохтар буд, ҳамагӣ 9 сол дошт.

Сел дар ноҳияи Рӯдакӣ заминҳои кишт ва як пулро шуст, 8 сар чорвои калонро ҳалок кард

Тибқи маълумоти сардори шуъбаи  Кумита дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи гузашта, соати 16:30 дақиқа, бинобар сабаби боришоти зиёд  дар ҷамоати деҳоти Эсанбой  аз талу теппаҳо сел фаромада,  роҳи ҷамоат то маркази ноҳия,  аз километри 16 то 54-ум муваққатан баста гардид. Иничунин дар километри 68-ум 1 адад пули мошингузар, ки маркази ноҳияро ба ҷамоати деҳоти Эсанбой пайваст мекард, пурра шуста вайрон намудааст.

Зарари сел ба се хона ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳияи Хуросон

Тибқи маълумоти сардори бахши  Кумита дар ноҳияи Хуросон рӯзи 20-уми июни соли 2022 соати 14:30 дақиқа, бинобар сабаби боришоти зиёд  дар ҷамоати деҳоти Ғалаобод, деҳаи Меҳнатобод аз минтақаи обгузари маҳаллаи Низомбои дараи Оқсу, минтақаи №1  сел омад.

Дар натиҷа зиёда ба 30 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, иншоотҳои ёрирасон, симтурҳо, хатҳои барқ, роҳҳои мошингузари байни деҳаҳо, қубурҳои обгузар ва насосҳои обкашонӣ зарар расидааст.

Страницы