Озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдакону наврасон дар мавзӯи коҳиши хатари офатҳо
Чоп шуд: 10/10/2022 | redaktor
6 октябри соли 2022 дар доираи Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҳукумати шаҳри Душанбе, Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо, бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи Кӯдакони СММ дар ҶТ ва як қатор дигар созмонҳои байналмилалӣ озмуни беҳтарин наққошиҳои кӯдакон дар мавзуъи хатари офоти табиӣ баргузор кард.