Зилзила дар Тоҷикистон. Талафоти ҷонишу хисороти дигар нест

Зилзила дар Тоҷикистон

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сеймсологияи АМИТ рӯзи 12-марти соли равон соати 20:26 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 126 километр шимолу ғарби шаҳри Душанбе, 25 километрии ҷануби шаҳри Панҷекати вилояти Суғд буд.

Қувваи зилзила дар маркази он  4-5 балл, шаҳри Панҷекат 3-4 ва шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод.

Заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

 

барчасп: