27 марти соли равон дар кони ”Ангишти Шӯроб”, воқеъ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз ихроҷи гази карбон ду нафар кӯҳканҳои ин кон ҷони худро аз даст додаанд. Яке аз онҳо 45 ва дуюмӣ 57 сол дошт.
Ба ҷойи ҳодиса фавран як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи
наҷотдиҳӣ – кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.
Онҳо ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ин ду нафари ҷонбохта сокинони шаҳри Исфара будаанд.
Комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат сабабҳои фоҷеаро таҳқиқ мекунад.