Се ноболиғи ғарқшуда дар рӯди Душанбе ва Сурхоб. Яке наҷот ёфт, дуи дигар фавтиданд
Чоп шуд: 12/07/2022 | redaktorБаъд аз зуҳри рӯзи 8-уми июли соли 2012 ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки ду ноболиғ дар минтақаи пули "Султони Кабир"-и дарёи Душанбе дар об ғарқ шудаанд. Ҳозирон якеро наҷот додаанд, дуюмӣ аз назарҳо нопадид шудааст.
Дастаи наҷоти Раёсат фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расид.