Ҷамъомади таълимиӣ-методӣ дар КҲФ

Дар Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади дурӯзаи таълимӣ – методӣ барои фармондеҳон ва муовинони сарфармондеҳон оид ба таъминоти ақибгоҳ, техникаи қисмҳои ҳарбӣ баргузор шуд.

Иштирокчиёни ҷамъомади таълимӣ масъалаҳои такмили донишу малака, риояи санадҳои меъёрии соҳавӣ, дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳо дар масъалаҳои таъминот, истифодаи мақсадноки таҷҳизоти хидматӣ, риояи қоидаҳои нигоҳдории силоҳи оташфишонро баррасӣ карданд.

 Зимнан зикр гардид, ки ҳузури афсарони салоҳиятдор ва ҳирфаӣ дар соҳаи таъминоти моддию техникӣ дар бунёди кори босифат дар артиш, фароҳам овардани шароити мусоид дар қисмҳои низомии КҲФ муҳим аст.

Дар маросими ифтитоҳи омӯзиш Сарвари КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода иштирок намуд. 

Сардори Раёсати қӯшунҳо полковник Ҷалолзода А., муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковник А.Шоев ва дигар афсарони Дастгоҳи марказӣ аз таҷрибаи касбии худ нақл карданд.

Онҳо аз рӯи масъалаҳои ба миён гузошташуда маърӯзаҳо карданд, дар бораи татбиқи усулҳои нави кор бо кадрҳои ҳарбӣ нақл намуданд, мақсадҳои нав ва нақшаҳои муҳими соли ояндаро муайян карданд.

барчасп: