Шаш нафар бар асари як садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расиданд

Ин ҳодиса соати 04:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Ба Қисми навбатдоии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як мошин дар километри 154-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз қаламрави ноҳияи Айнӣ убур мекунад, ба ҷарӣ сарозер шуд.

Бо дарёфти хабар дасти наҷотдиҳандагони Кумита дар ноҳияҳои водии Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расид. Маълум шуд, ки мошини тамғаи «Starex» ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Панҷекат ба ҷарии умқаш 200 метр сарозер шудааст. Сабаби ин ҳодиса дақиқ нест. Аммо ба эҳтимоли зиёд ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.

Имдодгарон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ва истифода дастгоҳҳои махсус ҷасади ронанда ва панҷ мусофири дохили мошинро берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Дар ин садамаи мудҳиш се нафар, аз ҷумла ду кӯдак ва як зан ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Онҳо ба бемористони ноҳиявӣ интиқол дода шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд ва қоидаҳои ҳаракатро ҷиддиан риоя намоянд. Боло бурдани суръат дар роҳҳои пурпечутоби кӯҳӣ таҳдид ба амнияту бехатарии шумо дорад.

Ба ҷони худ ва ҳамроҳону ҳамсафарони худ ҷабр накунед!

барчасп: