МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 4

ВОЛИДОН ДАР МАВРИДИ БЕХАТАРИИ ФАРЗАНДОНАШОН ДАР ОБҲО БОЯД ЧИРО БЕШТАР ДОНАНД?

  • Як ё якуним соат пас аз ғизо хӯрдан оббозӣ кардан мумкин аст;
  • Агар ҳарорати ҳаво камтар аз +16 °С бошад, оббозӣ тавсия дода намешавад, зеро аз оби сард метавон ба ихтилоҷ...

Ширкат дар семинари муштарак

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо коршиносони Платформаи миллии паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва илм дар семинар оид ба санҷиши стресс дар системаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Раҳоии панҷ ноболиғ дар лифти харобшуда. Ду нафарашон шаҳрвандони Туркия буданд

15 июли соли 2022 соати 19:45 вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки лифти хонаи №8, кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе вайрон шудаву 5 нафар ноболиғон, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Туркия мебошанд, дармондаанд.

Барои кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе эъзом шуданд.

Суҳбат бо бошандагони лагери “Саодат” дар Шуғнон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар доираи барномаи “Тобистони бехатар” бо истироҳаткунандагони тафреҳгоҳи тобистонаи “Содат” дар қаламрави деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон вохӯрӣ гузарониданд ва дар бораи рафтор ҳангоми ҳодисаҳои фавқулода суҳбат карданд.

Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои эҳтиёт дар фасли гарм

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар мамлакат рӯзҳои гарм фаро мерасанд. Дамои ҳаво дар тобистони имсол метавонад ҳатто болоатр аз 42 дараҷа бошад. Болоравии ҳарорати ҳаво сабабгори он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳо об шаванд, пиряхҳо низ об шаванд, пиряхҳо низ...

Страницы