Ҳафтаи ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии Швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ бо сарварии Ҷонишини ёвари директори генералӣ, Роҳбари департаменти кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи давлатҳои Кариб ҷаноби Арно Вики доир шуд.
Раиси Кумита дар оғози мулоқот қайд кард, ки ҳадафи ин дидор таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, инчунин расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии осебдида мебошад. Раиси Кумита дар бораи вазъияти фавқулоддае, ки рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ба амал омад, маълумот дод.
Дар мулоқот масъалаҳои дастгирии сохтмони посгоҳҳои сайёр барои наҷотдиҳандагон дар шоҳроҳҳои кӯҳии кишвар, муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири алоқа ва воситаҳои муосири гузаронидани омӯзиш (интерактивӣ ва виртуалӣ), мусоидат ба бунёди постгоҳҳои муваққатӣ ахолии аз офати табий зарардида дар ҳудуди ҷумҳурй, инчунин ташкил намудани давраҳои омӯзишии такмили ихтисос барои кормандони КҲФ баррасӣ шуд.
Сарвари КҲФ таъкид кард, ки барои баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолии осебдида аз ҳолатҳои фавқулодда тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҷаноби Вики барои пазироии гарм ва суҳбати хуб барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки Агентии Швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ омода аст доираи ҳамкориҳои худро дар самти пешгирии офатҳои табибиӣ ва коҳиши хатари офатҳо васеъ кунад.