Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади омодагӣ ба мавсими обхезӣ, инчунин пешгирии эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ, аз қабили селу ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар ноҳияҳои Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон, бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ селроҳаҳо, ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳоро аз ҳар гуна селовардҳову хасу хошок ва сангу рег тоза карданд.
Дар рафти чорабиниҳои гузаронидашуда аҳолӣ ва воситаҳои воҳидҳои ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, сокинони деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Ҷомӣ 160 метр ҷӯйборро тоза карданд, дар селроҳаи “Сурчасой” ва деҳаи Пахтакори ҷамоати Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон корҳои осҳилбандӣ гузаронида шуданд.
Ба ин ҳашар бештар аз 300 нафар сокион ва техникаи гуногун ҷалб карда шуд.