Фоҷеа дар Кӯлоб. Панҷ нафаре, ки барои харгӯшон лона месохтанд, зери кӯҳпора монданд. Хурдсолтаринашон 6 сол дошт
Чоп шуд: 25/07/2022 | redaktorИн фоҷеа дирӯз, 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб рух дод. Панҷ нафар хостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд. Баногаҳ кӯҳпора болои онҳо чаппа шуд ва ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун оварданд ва ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб интиқол доданд.