Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳо, резиши санг ва ярчи рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 майи соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо эҳтимол дорад.

Ғайр аз ин дар ин рӯзҳо болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, резиши санг ва ярч низ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои хатарзо ба соҳили махзанҳои об нараванд, ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.  

Ҳамчунин Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт намоянд, худдорӣ аз ҷамъоварии забӯруғҳо, алафҳои дорувор, ҳезум, рафтан ба моҳидорӣ ва шикор ба манфиат аст.  

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.

барчасп: