Рӯзҳои 15-17 майи соли 2023 аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муқовимат ба ҳолати фавқулоддаи марбут ба вуруди зиёди паноҳандагон» машқҳои саҳроӣ гузаронида шуд.
Ин сеюмин ҳамоиш буд, ки бо иштрок вазорату идораҳои масъул дар умури паноҳандагон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии Раёсати СММ дар умури паноҳандагон, ЮНИСЕФ, Барномаи Рушди СММ, Созмони умумиҷаҳонии паноҳандагон, Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, Созмони байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон гузашт.
Тамринҳо қобилиятҳо ва омодагии ҳамаи сохторҳои дахлдорро барои вокуниш санҷида, камбудиҳоро барои такмили минбаъдаи ҳамоҳангсозӣ, иртибот ва идоракунӣ муайян кард.
Ин машқҳо аз 15-уми моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо ташкили Ситод бо иштироки ҳамаи вазорату идораҳо ва агентиҳои байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии Нақшаи амал оғоз шуд.
Тамринҳои амалӣ рӯзи 16 май дар ҳудуди воҳидҳое, ки дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгиранд, гузаштанд.
17 майи соли 2023 дар меҳмонхонаи “Хилтон” натиҷаи ин тамринҳои ҷамъбаст карда шуданд, ки дар он ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода иштирок намуд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ба амалҳои муштарак дар рафти машқҳо баҳо дода шуд. Ба ҳамаи вазорату идораҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки дар гузаронидани ин машқ фаъолона иштирок кардаанд, изҳори сипос карда шуд.