Як шаҳрванди 16-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наҷоти писарбачаи 7-сола аз ҷониби мақомоти марбутаи Федератсияи Русия қадрдонӣ шуд. 18 майи соли 2023 Зафар Умарзода, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар маросими Ташаббусҳои ҷамъиятиву давлатии Умумирусиёии “Дили гарм” соҳиби ҷоиза шуд.
Медал барои ҷасоратро ба Зафар Умарзода ҷонишини вазири ҳолатҳои фавқулодаи ФР генерал-лейтенант А.Серко ва ҷонишини аввали вазири маорифи ФР А.Бугаев тақдим карданд.
Ҷоизаи “Дили гарм” ба ҷавонон ва навҷавонони то 23 – солае эъто мегардад, ки мавқеъи фаъоли ҷамъиятӣ дошта, дар ин ё он маврид аз худ ҷасорату корнома нишон додаанд, ба кумаки якдигар расидаанд.
Гуфтанист, ки 10 майи соли 2022 Зафар Умарзода аз худ ҷасорати бемисл нишон дод ва кӯдаки ҳафтсолаеро наҷот дод, ки дар оби канал ғарқ мешуд. Он рӯз вай ба хона мерафт, ки садои фарёди бачаҳо ба гӯшаш расид. Фавран худро ба маҳали овоз расонд ва дид, ки як кӯдак дар об ғарқ мешавад.
Вай дарҳол худро ба об ҳаво дод ва ҷони тифлро аз марг наҷот дод.
Баъди ин ҳодиса ӯ бо Ифтихорномаи КҲФ қадрдонӣ шуда буд.
КҲФ қаҳрамони ҷавонро барои эътирофи ҷасораташ аз ҷониби кишвари дӯст муборакбод мекунад.
Амалу рафтори Зафар Умарзода шоистаи пайравист!