Охири ҳафтаи гузашта Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо Дабири кулли Федератсияи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷаноби Ҷаган Чапагай мулоқот намуд.
Ҳадаф аз ин мулоқот роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода ва ҳамчунин расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии осебдида буд.
Дар оғози вохӯрӣ сарвари КҲФ меҳмони воломақомро бо фаъолияти Кумита дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, офатҳои табиие, ки аз аввали соли равон дар кишвар ба вуҷуд омаданд, шинос намуд ва дар бораи тадбирҳое, ки ҳукумати кишвар барои рафъи паёмадҳои ин офатҳо андешид нақл кард.
Раиси Кумита таъкид кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи КҲФ ва Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар минбаъд бояд ба баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони Кумита, омодасозии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини захираҳои ёрии аввалия равона карда шавад.
Ҷаноби Чапагай барои ин мулоқот ва суҳбати гар изҳори сипос намуд ва гуфт, ки Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх дар оянда низ ҳамкориҳои худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳким мебахшад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба азми худ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва расонидани кумак ба аҳолии аз офати табиӣ осебдида таъкид намуданд.