Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» дар мавзўи: «Амали хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳангоми ба амал омадани заминларза» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия, хидаматчиёни ҳарбии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, директорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, қувва ва воситаҳои Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат, зернизомҳои тиббӣ, сӯхторнишонӣ, барқ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва инчунин хонандагону омўзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона иштироқ намуданд.
Дар рафти машқ, ҳамоҳангии қувва ва воситаҳои зернизомҳои ҳудудии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва нерўҳои ғайриҳабии Муассисаи таҳсилоти миёнаи номбурда, ба роҳ монда шуд.
Нерўҳои ғайриҳарбии муассисаи таълимии мазкур, то ҳозир шудани қувваҳои зернизомҳо, барои бартараф намудану пешгирии ҳолатҳои фавқулода амалиётҳо анҷом дода, аз ўҳдаи вазифаҳои ба онҳо гузошташуда, бо мувофақият баромаданд.
Тамоми чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, аз ҷиҳати методӣ дуруст иҷро кардашуда аз тарафи нозирони дар чорабинӣ ҳузурдошта баҳои хуб гузошта шуд.
Гуфтанист, ки чорабинии мазкур тибқи супорши роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 декабри соли 2022 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша-чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023» роҳандозӣ шуд.