Анонс

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳри Душанбе чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботиро оид ба омодагии аҳолӣ ба заминҷунбӣ ва рафтори дуруст ҳангоми рух додани он, дар давоми моҳи майи соли 2023 баргузор менамояд.

Ҳадафи баргузории ин чорабиниҳо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба омодагӣ ба заминҷунбӣ ва рафтори дуруст ҳангоми ба амал омадани он, мебошад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон даъват менамоянд, ки дар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ фаъолона иштирок намоянд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки заминҷунбиҳо пешгӯӣ карда намешаванд ва аз сокинон хоҳиш менамоем, ки ба овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.

барчасп: