Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн самимона табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромии пойдор ва осоиши рӯзгор орзу менамоям.

Ярмаркази пешазидӣ дар КҲФ

Имрӯз дар бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи марказии он ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои кормандон баргузор шуд. Ин тадбири пешазидӣ буд ва кормандон тавонистанд баъзе намуди мавриди ниёзи худро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд.

Сел дар Ишкошим

Бино ба маълумоти сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ 23 июни соли равон наздик ба соати 17:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди деҳаи Мулловоҷии ҷамоати деҳоти Юсуфбекови ноҳия сел омад. Ин сел бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадиди рӯзҳои охир ҷорӣ шуд.

Ҷаласаҳои тантанавӣ бахши дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ

24 июни соли 2023 дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба муносибати 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор шуданд.

Дар ин чорабиниҳо сармушовири Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Додхудо Шарифзода иштирок намуд.  

Наҷоти кӯдакон дар лифти харобшуда

23 июни соли 2023 соати 14:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки лифти хонаи 39/3 кӯчаи ба номи Айнии шаҳри Душанбе хароб шудаву ду кӯдак дар дохили он мондааст.

 Барои кумак навбатдрон аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сафарбар шуданд.

Страницы