Сабти ду ҳодисаи заминларза дар Тоҷикистон дар фосилаи ҳамагӣ чанд соат
Чоп шуд: 13/11/2023 | redaktor
Бино ба маълумони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 13 ноябри соли равон соати 00:54 дақиқаи вақти маҳалллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази ин заминҷунбӣ 215 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 15 километр шимолу шарқи ноҳияи Тоҷикобод буд.
Ин манбаъ хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод 3 баллро ташкил дод.