Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 29-30 майи соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон, ба истиснои шарқи ВМКБ омадани селҳо пешбинӣ мешавад.
Рӯзи 29 май эҳтимоли болоравии сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обихингов, Сурхоб, Вахш, Ёсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳои ҷоришаванда аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо соҳили обҳо моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд.
Аз сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳи хоҳиш мешавад аз рафтан ба доманакӯҳҳои ба хотири ҷамъоварии гиёҳони дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд.
Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаву ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт хоҳиш карда мешавад сокинон аз қабл селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйҳоро аз ҳар гуна хасу хасрубаву сангу шағал тоза кунанд.